Ҷамъомади хотирмон ба ифтихори гусели наваскарон
Тоҷикобод,28.04.2015.(АМИТ «Ховар», М. Ризвон.).-Имсол даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ дар ноҳияи Тоҷикобод пеш аз муҳлат иҷро шуд. Аз шумораи умумии ҷавононе, ки барои хизмати ватан ба қисмҳои ҳарбии кишвар фиристода шуданд, сӣ нафар ихтиёрӣ буд. Ба ин муносибат дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳия таҳти шиори «Рӯзи даъватшаванда» ба ифтихори гусели 30 нафар ихтиёрӣ ҷамъомади хотирмон баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳия, раиси ситоди ноҳиявии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Аброр Ғафуров зикр кард, ки аз мавсим то мавсим сафи ҷавонони бо нангу ори ватандӯст, ки хизмати ҳарбиро ихтиёран интихоб менамоянд, меафзояд. Дар даъвати баҳорӣ имсол бори аввал аст, ки мо теъдоди зиёди ихтиёриёнро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел менамоем. Дар маъракаи гусели ихтиёриён раиси ноҳия Ҳусейн Ализода аз рафтори ҷавонони ноҳия изҳори қаноатмандӣ кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






