Ҷавоб ба андешаҳои носолими М. Ҳаит

Апрель 22, 2015 16:42

Душанбе, 22.04.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар ҳафтаномаи «Наҷот» аз таърихи 09.04.2015 андешаҳои Маҳмадалии  Ҳаит доир ба ҳизбу созмонҳо ва вазъи ҳаёти динию сиёсӣ дар кишвар ба табъ расидааст. Аз  ҷумла, дар ин матлаб оид ба «мавқеи роҳбарияти ҳизб нисбат ба пешниҳоди масҷидҳо дар бораи бастани ҳизб чунин омадааст: «Ба ҳар ҳол, аз мақомот тақозо мешавад, ки нисбат ба ин амали ғайриқонунӣ бетарафиро ихтиёр накунанд, агар барояшон суботу оромии Ватан азиз аст, чун бетарафӣ бешарафист!» Дар ҳамин тарзи баён ҳам таҳдид вуҷуд дорад ва ҳам таҳқир ва ҳам баҳогузории ғайриобективӣ ба пешниҳоди як иттиҳодияи динӣ, зеро ин қабил пешниҳодро амали ғайриқонунӣ ҳисобидан дуруст нест ва  дар ҷомеаи демократӣ ҳар шахс метавонад пешниҳоди худро доир ба масоили мубраму зарурии ҷомеа дар ҳар шаклу муҳтаво матраҳ созад. Сониян, ҳар гоҳ пешниҳод аз тарафи аҳли ҷомеа дастгирӣ мешаваду мақомот онро қабул менамояд, вале роҳбарияти ҳизб онро халалдор шудани сулҳу оромӣ арзёбӣ менамояд, вокуниши мазкурро ҷуз таҳдид чизе беш номидан душвор аст. Яъне,  аз андешаи мазкур метавон чунин бардошт намуд, ки агар ҳизби моро бандед, мо метавонем оромии ҷомеаро халалдор созем. Солисан, вақте мақомот пешниҳодро чун эшон амали ғайриқонунӣ ҳисоб накарда, баръакс як амали муқаррарии ҷомеаи демократӣ қабул менамоянду ба он   вокуниш нишон намедиҳад, пас амалкарди мазкури эшон  аз нигоҳи М. Ҳаит бешарафӣ арзёбӣ мегардад, ки ин гуфта воқеан ҳам метавонад ҳамчун таҳқир қабул гардад. 
 Дар ҷавоб ба суоли дигар М. Ҳаит изҳор доштааст, ки: «Ин амрро (бастани масоҷидро) барои он дунболагирӣ мекунанд, ки оромӣ ва сулҳу амният барои онҳо дигар қадре надорад». Дар ин ҷавоб камоли таҳрифкорӣ ва ноогоҳӣ ниҳон аст., зеро дар ҷумҳурии мо аз ҳама бештар масҷид бино шудааст ва барои фаъолияти масҷидҳо давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи шароитҳои заруриро омода кардааст. Роҳбарияти олии Тоҷикистон барои таъмини амнияти миллӣ тамоми чораҳоро дар ҳамкорӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ андешида истодааст. Бардоштани масъалаи бастани масҷидҳо ахбори дурўғин ва фитнаангез аст ва барои расидан ба ҳадафҳои худ воқеият таҳриф мешавад ва лаҳни гуфтор оҳанги таҳдид пайдо мекунад.
Таҳрифи воқеият инчунин дар андешаҳои зерини ў, ки дар робита ба баргузории интихобот баён шудаанд, боз ҳам равшантар ба назар мерасад: «Чун ҳеҷ интихоботе дар кишвар то ба ҳол озоду демократӣ, шаффоф ва аз рўи инсоф доир нашуда ва барои анҷоми ин амр ҳукуматдорон иродаи сиёсӣ ҳам надоранд, доираҳои мазкур боз  ба ҳарос афтодаанд ва дунболи идомаи барномаҳои шум мегарданд».  Шеваи баёни андешаҳои мазкур беасосу бепояанд, вале чунин тарзи масъалагузорӣ метавонанд дар бораи ҳокимияти давлатӣ ва равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа таассуроти нодуруст тавлид созанд. 
Ҳамин роҳу усули муғризонаю ғайривоқеӣ, бемасъулиятона ва яктарафа баҳодиҳии воқеият дар андешаҳои зерини ин намояндаи роҳбарияти ҲНИТ боз ҳам равшантар  ба чашм мерасад: «Дар ин авохир мақомот барои бадномсозии рўҳоният чӣ амалҳои зиштеро равона дид, ки мо ҳамагон шоҳид будем. Бо ин амал ҳокимият ягона қишри мавқеи эҳтироми ҷомеаро ҳам монанди худаш беобрў сохт». Худатон қазоват кунед, вақте ки як намояндаи ҲНИТ ё рўҳоният як кори ношоиста содир мекунад, аз нигоҳи эшон ин амали зишт маҳсуб намегардад, вале ифшо сохтани он ба хотири ҳифзи арзишҳои поки исломию миллӣ ва пешгирӣ намудани содиршавии аъмоли номатлуб  аз тарафи ниҳоде,  ки худро таблиғгари покию назофат ва адолату инсоф меҳисобанд, рафтори нохуб будааст. Аз ҷониби дигар, мақомоти расмӣ ин пешниҳодро ҳамчун як амали муқаррарӣ дар ҳама гуна ҷомеаҳои демократӣ меҳисобад ва вокуниш нишон додан дар онро зарур намешуморад. Вале як пешниҳоди худро дар сатҳи баланд бардошта, ба бетарафию бешарафӣ кашидан низ як шакли таҳқиру беэҳтиромӣ аст, ки аз раҳгум задани ин ниҳоди сиёсию динӣ дар кору фаъолияти худ гувоҳӣ медиҳад. Бояд ҷавонмардона эътироф кард, ки анҷом додани корҳои нописанд ва ғайриахлоқӣ барои ҳеҷ як қишру табақаҳои ҷомеа иҷозат нест ва мақомоти давлатию қудратӣ на танҳо бояд ба он вокуниш нишон диҳанд, балки онро пешгирӣ намоянд ва дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳои маъмурӣ андешанд. Аз ин рў,  андешаронӣ бояд дар қолаби инсофу мантиқ ва риояи шариату қонунгузории ҷорӣ сурат бигиранд, на дар доираи танги манфиатҳои шахсӣ ва ҳизбӣ. Охир амнияти саросарии кишвар ва сулҳу субот барои якояки шаҳрвандон чун обу ҳаво лозимаст-ку? 
 
Абдулҳаев Кароматулло-сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа
 
 

Апрель 22, 2015 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд