Ҷавонон-муҳофизони содиқи Ватан
Кўлоб, 04.04.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Рўзи 2 апрел дар Маҷмаи 2700-солагии шаҳри Кўлоб бахшида ба рўзи даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ таҳти унвони « Мо ҷавонон муҳофизи ватан ҳастем» чорабинӣ доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси комиссариати ҳарбии шаҳри Кўлоб ташкил шуд. Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи бурдани корҳои оммафаҳмонӣ дар рўҳияи ватандўстӣ, содиқ будан ба ҳифзи Ватан дар даъвати баҳорӣ зиёда аз 60 нафар ҷавонписар ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шуд.
Дар чорабинӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, адибону шоирон ва волидайни даъватшудагон сухан гуфта, даъватшавандагонро ба хизмати содиқона даъват карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






