Ҷустуҷӯи роҳҳои хушбахтӣ дар оила
Душанбе, 29.04.2015.(АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров машғулияти навбатии маҳфили тарғиботчиёни ҷавон «Андеша» таҳти унвони «Хонавода ва мушкилоти оиладорӣ» баргузор гардид.Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбияи раёсати донишгоҳ Мӯъминҷон Шамсиддинов ва 50 нафар олими ҷавон, аспирантону магистрантон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуда, дар атрофи мавзӯи мазкур ва муаммоҳои оиладорӣ сухан гуфтанд.Иштирокчиёни маҳфил бештар дар атрофи ҷустуҷӯи роҳҳои хушбахтӣ дар оила, пайдо намудани муносибати созгор бо хусуру хушдоман ва шавҳар, омилҳои пешгирӣ аз бекоршавии никоҳ, оқибатҳои нохуши никоҳҳои барвақтӣ ва хешутаборӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамдигарнофаҳмӣ, сабру таҳаммул ва дигар омилҳое, ки боиси парокандашавии оилаҳо мегарданд, изҳори ақида намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






