132 нафар аҳолии Суғд дар Русия бо кор таъмин гардид
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар миқёси вилояти Суғд 10 адад субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд. Бо гарм шудани ҳаво ва сар шудани муҳоҷирати оммавӣ фаъолияти онҳо дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар хориҷа рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Аз ҷумлаи онҳо ҶДММ “Сомонэкспрестранс” ба мусофиркашонии байналмилалӣ машғул аст ва дар ин радиф муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷойи кор дар Федератсияи Русия таъмин менамояд.
21 апрел аз ҷониби ин субъекти хоҷагидор 34 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ таҳти роҳбарии сардорони гурӯҳ Санавбар Устобоева ва Алибой Имомназаров ба шаҳри Тюмен сафарбар шуданд. Ҳамзамон 1 гурӯҳи дигари 12-нафара таҳти роҳбарии роҳбалад Парвина Очилова ба шаҳри Тюмен равона гардид.
ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” низ ҳамкориашро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар сатҳи баланд ба роҳ монда истодааст. Чунончи дар ҳамин сана дар ҳамкорӣ бо Раёсат ин субъекти хоҷагидор 25 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Красноярск сафарбар намуд.
Дар доираи ҳамкории Раёсат бо ҶСК “Нақлиёт” 21.04.2015 гурӯҳи 13-нафараи муҳоҷири меҳнатӣ ба шаҳри Сургути Федератсияи Русия сафарбар шуд.
Ҳамзамон дар ҳамин рӯз ҶДММ “Роҳи абрешим” 48 нафар муҳоҷири меҳнатиро ба шаҳри Тюмен сафарбар намуд. Дар маҷмӯъ, дар давоми 1 рӯз аз вилояти Суғд 132 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафт, ки онҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ 1 сол ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






