1603 хатмкунанда дар Спитамен
Душанбе, 3.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имсол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Спитаменро 1603 нафар хонанда хатм мекунанд ва бештари онҳо пас аз хатми мактаб таҳсилро дар донишгоҳҳои олии кишвар идома хоҳанд дод.
Соли дуюм аст, ки қабул ба донишгоҳҳо тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, — мегӯяд намояндаи ин марказ Акмал Тӯрабоев.
Бино ба гуфти ӯ, ин кор имкон медиҳад, ки пеши роҳи ҳар гуна фасодкорию ришваситонӣ гирифта шавад ва хонандагони арзандаю болаёқат ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ шомил гарданд.
Бақайдгирии довталабон аз санаи 1 март оғоз шудааст ва бино ба гуфти мавсуф, то санаи 1 апрели соли равон 483 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Спитамен аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд.
Бақайдгирии довталабон ба донишгоҳҳои олии кишвар то 15 апрели соли равон идома меёбад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






