240 шиша арақи Кабаева аз сарҳад нагузашт
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар дидбонгоҳи гумрукии «Қизил-Арт» воситаи нақлиёти тамғаи «Зил-130» мавриди муоинаи гумрукӣ қарор гирифта, аз дохили он 240 шиша арақи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Элмира Кабаева тааллуқ дошт, ошкор ва пешгирӣ гардид.
Назар ба иттилои Хадамоти гумрук, Кабаева мехост бори худро бидуни бақайдгирӣ ва назорати гумрукӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Оид ба ин амал парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






