370 манзили зист зери об монд
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Тӯли чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин бориши борони пай дар пай ва сардии ҳаво ҳукмфармост. Бар асари боронрезиҳои ҳамвора сатҳи оби рӯду наҳрҳо боло рафта, ба минтақаҳои аҳолинишин маҷро гирифт. Дар пайи ин офати табиӣ 24 нафар бедарак гардида, садҳо нафари дигар хисороти зиёд диданд. Гуфта мешавад, ки сатҳи об дар баъзе минтақаҳо қариб ба 2 метр мерасад. Тибқи иттилои сарчашма 370 манзили зисти сокинон ва дигар иншооти маъмурӣ пурра зери об монд.
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» 95 километр дуртар аз шаҳри Киркук дар нуқтаи маъмурии аҳолинишини Заб 24 шаҳрванди Ироқро ба қатл расониданд. Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир саркардаҳои ин гурӯҳи ифротгаро аз ҷараёни қатлу куштори асирон наворҳои мудҳиш интишор медиҳанд, то дар дили мардум тарсу ҳаросро ҷо кунанд.
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар яке аз биноҳои истиқоматии сеошёнаи пойтахти Канада-шаҳри Оттава сӯхтори шадид ба амал омад. Мувофиқи маълумоти расида, оташсӯзӣ дар як муддати кӯтоҳ 40 хонаи зисти сокинонро ба коми худ фурӯ кашид. Ҳукуматдорон дар айни ҳол ба зарардидагон дар бинои коллеҷи Алгонкин, ки дар наздикии макони ҳодиса воқеъ мебошад, сарпаноҳи муваққатӣ муҳайё намуданд. Мутахассисони соҳаи мазкур баъди бартараф намудани сӯхтор сабабҳои сар задани ҳодиса ва ҳаҷми хисороти расидаро муайян мекунанд.
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Бозрасии давлатии автомобилӣ Русия дар яке аз роҳҳои мошингарди пойтахти Федератсияи Русия- шаҳри Маскав садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ омада, дар ҷои ҳодиса 2 нафар ба ҳалокат расида, 2 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарии беморхона гардиданд. Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар минтақаҳои ҷанубу шарқии кищвар ба амал омад. Бо мақсади муайян намудани сабабҳои дақиқи садама кормандони ниҳоди дахлдор тафтиш мебаранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






