А. Азизӣ ба Санкт-Петербург рафт
Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 14 апрел ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Абдуҷаббор Азизӣ- муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафт Муҳаммадато Султонов -котиби матбуотии палатаи поёнии Парламони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонӣ /АБ/- ҷаласаи Бюрои АБ, ҷаласаи АБ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, комиссияҳои доимии АБ роҷеъ ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ва комиссияҳои доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, захираҳои табиӣ ва экологӣ, сиёсати аграрӣ, сайёҳӣ ва варзиш иштирок менамоянд. АБ кишварҳои ИДМ дар давоми фаъолияти чандинсолааш собит кард, ки мавҷудияти ин ниҳод барои ҳамкориҳои самарабахши ИДМ зарур аст. Парлумони Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ин Ассамблея барои танзими қонунҳо ва ҳамоҳангсозии қонунҳои давлатҳои аъзои ИДМ корҳои муҳим анҷом медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






