Афзоиши ҷиноятҳо вобаста ба маводи нашъаовар дар Хатлон
Душанбе,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар семоҳаи якуми соли 2015 дар ҷумҳурӣ 307 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2014-ум 11% кам мебошад. Ҳиссаи ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар миқдори умумии ҷиноятҳо аз 6,1% дар семоҳаи соли 2014 то 4,7% дар семоҳаи якуми соли 2015 ихтисор гардид.
Дар семоҳаи якуми соли 2015 дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2014 дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, ба истиснои вилояти Хатлон ба поён рафтани миқдори ҷиноятҳои ба қайд гирифта шуда мушоҳида мегардад. Ҷиноятҳои ба қайд гирифта шудаи вобаста ба маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон 16,3% афзоиш ёфт.
Дар семоҳаи якуми соли 2015 барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар 230 шахс дастгир гардид, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2014 ба 10 шахс камтар мебошад. Соли ҷорӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар 5 зан дастгир шуд.
Дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ миқдори шахсони дастгир шуда дар вилояти Хатлон ва НТМ зиёд гашта, дар Душанбе, Вилояти Суғд ва ВМКБ коҳиш ёфтанд.
Дар семоҳаи якуми соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудрати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 263 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 0,2% зиёд мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






