“Ал-Қодисия” ба Душанбе омад
Душанбе,14.04.2015.(АМИТ “Ховар”).- 13 апрел ҳайати клуби футболи “Ал-Қодисия” — и Кувайт барои вохӯрӣ бо дастаи “Истиқлол” ба шаҳри Душанбе омад. Назар ба хабари клуби футболи “Истиқлол” , ин вохӯрӣ 15 апрел баргузор мешавад. Ҳайати мураббиҳои дастаи “Ал-Қодисия”, ки роҳбарии онро Рашил Ал-Бадиҳом ба ӯҳда дорад, 18 нафар футболбозонро бо худ овардааст. Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври чоруми байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Қодисия” , ки 18 март дар Кувайт сурат гирифта буд, бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






