Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ

Апрель 6, 2015 15:39

Душанбе, 06.04.2015 (АМИТ “Ховар”).-Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрўза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза ба истиқлол расида пеш овардааст. Бархурди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд. Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кўшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон моҳиятан “як раванди ташвишовар” баҳогузорӣ  шуд: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидко¬рӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”. Дар воқеъ, ин рафтори номатлуби як идда занону духтарони мо, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспўшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъйиноти пероҳанҳои гуногун нишон медиҳад.    
Сазовори мухтасар ёдовар шудан аст, ки ин ҷанбаи муҳими фарҳанги мардумӣ ва намуди зоҳирии пўшиши одамон баробари пайдоиши муносибатҳои синфӣ ва давлатҳои нахустин дар умқи таърихи бостон ҳамрадифи кору зиндагонии бани башар будааст. Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рўйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибос ва намудҳои он баҳогузорӣ мекардаанд. Пешрафти баъдинаи тарҳи либос ва анвои он ба таъсиси давлату империяҳои муқтадир ва кишвар¬кушои¬ҳои онҳо вобаста будааст. Забткорию ҷангҷўӣ иловатан тақозо мекард, ки сипоҳиён нисбат ба мардуми дигар аз ҷиҳати сарулибос бештару беҳтар таъмин бошанд. Сипас, муқаррар кардани либоси ягонаи низомӣ (униформа) ба ҳукми қонун даромад. Сипоҳиёни кишварҳои гуногун бад-ин васила ҳангоми муҳорибаҳо худиро аз бегона фарқ мекарданд. Дар таърихи илми ҳарбӣ пайдоиши нахустин сарулибоси ягонаро ба Спартаи Юнон ва сипоҳи шоҳони давлати Ҳахоманишиниён мансуб медонанд. Шигифтовар ин аст, ки дар шароити пайдоиш ва ташаккули динҳои ҷаҳонӣ неруҳои низомӣ дар корномаҳои динию сиёсӣ, ба мисли густариши ойини нав, ҷангҳои салибӣ ва ғазавоти исломӣ ҳамаҷониба сафарбар мешуданд. Дар ин замина андешаи сарулибоси ягонаи низомӣ ба зарурати фикр карда баромадани сарулибоси худвежаи динию мазҳабӣ сироят кард. Имрўз вақеият чунон аст, ки аз рўйи сарулибос рўҳониёни пайрави динҳои гуногунро ба осонӣ шинохтан мумкин аст. Зиёда аз ин, дар шароити бўҳронию сиёсии ҷаҳони муосир аз нигоҳи риояи меъёрҳои сарулибос артишҳои пешрафтаи дунё талаботро ҷиҳати тафсило¬ти ҷузъии он ба шиддати авло расонидаанд. Аслан дар шакли такмилёф¬таи сарулибоси ягона (униформа)-и онҳо имкони дидани ягон ҷойи узви бадани сипоҳиён вуҷуд надорад. Намуди якнавохти сарулибос ва дар пушти худ ҳамеша гардо¬нидани борхалтаи аслиҳаву лавозимот хусусияти маҳдудкунии ҳуқуқӣ касб карда истодааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки сарварони сипоҳу дин моҳиятан пештозони ифроту ҳадгузорӣ дар масъалаи сарулибос будаанд. 
Истилоҳи сарулибоси исломӣ маҷмўи талаботу муқарра¬роти муайянро ба пероҳани мусулмонон дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ислом ба занону мардони мусулмон иҷозат медиҳад ҳар гуна либосеро бипўшанд, ки бе зиёдаравӣ ва халали ҳадду ҳудуд пўшиши ҷисми онҳоро вобаста ба аҷзои муайяни бадан адо кунад ва иффати онҳоро таъмин намояд. Мувофиқи он мардон бояд баданҳои худро аз зонувон боло то ноф пўшида нигоҳ доранд, ҳамчунин аз пўши¬да¬ни либосҳои абрешимӣ ва истифодаи маҳсулоти тилловорӣ худдорӣ намоянд. Аммо барои занон ба ғайр аз кушода будани рўй ва панҷаи дастон аҷзои боқимондаи баданашон аврат маҳсуб мешавад. Ин матлаб дар сураи Нур, ояти 31 бо тафсилоти равшан омадааст. Дар ояти дигаре аз сураи Аҳзоб, ояти 59 бевосита чунин фармуда шудааст: “Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодарҳои худро бар худ фурў гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзан¬даи Меҳрубон аст”. 
Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспўшии мардона набошад. Ин масъала на танҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқку¬нан¬даи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бароҳат дўхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад.  
Сазовори гуфтан аст, ки бо сабаби ҷузъи назокат ва зинати занон будани мўи сар дар оятҳои зикршуда ва аҳодиси марбут ба ин мавзўъ ишораи бевоситаи пўшонидан ё пинҳон кардани мўйҳо вуҷуд дорад ва тамоми фақеҳони исломӣ зарурати пўшонидани тамоми бадан, ба ҷуз рўй ва панҷаи дастонро таъкид кардаанд. Ҳамчунин як ҷиҳати дигари масъаларо ба инобат гирифтан ба мантиқ мувофиқ аст, ки шаклу навъ¬ҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳои мусулмоннишин аз ҳам тафовути калон доранд. Вале ба ҳар бобат талаботи динии либоспўшӣ аз рўйи мазмун ва муҳтаво бо назардошти вежагиҳои анъанаҳои фарҳанги миллӣ мутобиқ гардонида мешуд. Масалан, пероҳанҳои Машриқи исломӣ бо шароити табиию ҷуғрофӣ ва гармои ҷонкоҳи Мағриби арабӣ созгор намеафтоданд. Пўшиши либосҳои газворашон пахтагин ва ғафс хоси минтақаҳои кўҳистон буд, вале бо истифодаи ин қабил газвору пероҳан баданро сахт печонидан дар шароити Африқои Шимолӣ боиси дар муддати чанд рўз ба касалиҳои пўстии гуногун гирифтор шудани ҳиҷобпўшон мегардид. Ба ҳамин сабаб риши паҳну дароз мондани мардон ҳам дар ин минтақа тавсия дода намешуд. Дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан милли¬доштаро ба бар мекарданд. Ин сарули¬бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гўёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳия¬ҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепўши¬данд, дар маҷмўъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгўяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рўсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳво¬нӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси ранго-ранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.    
Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар па¬зи-руфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо исти¬лҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Брито¬ниёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкило¬ту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гар¬ди¬дааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пўшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад ва дар ҳолати риоя накарда¬ни он чораҳои ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Ҷойи шубҳа нест, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкори¬ҳои бисёрҷонибаи ҷумҳурии мо бо тамоми давлатҳои дунё, ба хусус кишварҳои арабию мусулмонӣ дар масъалаи шаклу намуд ва тарзи ли¬боспўшии миллии мо таъсири носозгор ва ташвишовар расонида истодааст. Ин таъсири онҳо аз ҳама бештар дар шакли имрўзаи сатри исломии занону бонувони мо ба мушоҳида мерасад. Бояд гуфт, ки дар аксари кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоиашон нақши калидӣ мебозад, тарзи либоспўшии исломӣ баробари сарулибоси миллӣ ва стандарти аврупоӣ иштироки омехта доранд. Бархе аз кишвару ҳукуматҳо, ки дар ҳаёти онҳо ислом нақши сиёсӣ дорад, сатру ҳиҷобро ҷонибдорӣ намуда, пўшидани либоси диниро барои занон зарур медо¬нанд, баъзеи дигар, баръакс, онро манъ мекунанд. Масалан, дар Арабис¬то¬ни Саудӣ, Эрон, Яман ва Афғонистон ҳиҷоб маҷбурӣ аст. Дар Қазо¬қис-тон, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбой-ҷон ва Туркия, ки ҳарчанд аксарияти сокинонашон мусулмо¬нанд, ҳиҷоб пўшидан дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо манъ карда шудааст. Туркия инчунин нахустин давлатест, ки соли 1925 расман ҳи¬ҷоб пўшидани занонро манъ карда буд. Дар Туркия, ки оид ба татбиқи исломи сиёсӣ таҷрибаи калон андўхта шудааст, соли 2008 Суди консти¬тут¬си¬онӣ пешниҳоди ҳукумати Раҷаб Эрдуғонро дар бораи бекор карда¬ни манъи пўшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо қабул накард. Аксари дав¬лат¬ҳои арабӣ ҳам роҳи бунёди давлати дунявиро интихоб намуда, дар масъа¬лаи пўшидани ҳиҷоб ба муносибати фардии бонувон бартарӣ додаанд. 
Пас дар вазъияти баамаломада ҷумҳурии мо барои ҳифзи асолати сару¬либоси миллӣ ва динию эътиқодии худ бояд чӣ гуна рафтор намояд ва кадом тадбирҳои заруриро анҷом диҳад? Ба назари мо, дар иртибот ба ин мавзўъ ба эътибор гирифтани андешаҳои зерин муҳим менамоянд: 
1. Маросими ҳаҷ яке аз ҷамъомадҳои бузурги мусулмонони ҷаҳон дар як фосилаи замонии муайян маҳсуб мешавад ва дар он ба маъраз баровардани фарҳанги либоспўшии миллӣ ва динии қавму миллатҳои гуногун таҳаққуқ мепазирад. Барои омодагӣ ва баргузории мавсими ҳар¬со¬лаи ҳаҷ ниҳодҳои гуногуни истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва бонкию молиявӣ ширкат менамоянд, ки онҳо то андозае дар тарғиб ва бозоргузар кардани молу ашёи гуногун, аз ҷумла либосҳои динӣ манфиатдоранд. Ба хотири ҳифзи амнияти фарҳанги миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ қавми ба ҳаҷ рафтаи моро ба таври шоиставу боиста зарур меояд, ки аз тақлидкорона пўшидану ворид кардани ҳар гуна либосҳои қавму миллатҳои дигар ба қаламрави ҷумҳурӣ худдорӣ ва иҷтиноб кунанд. Баръакс, бояд ҳоҷиёни ҷумҳурии мо дар лаҳзаҳои нодири аз эҳром берун омадан, савор шудан ва фуруд омадан аз ҳавопаймо либосҳои динии хусусияти миллидоштаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи онҳо табаррукан ба бар кунанд, то ки баъди бозгашти онҳо истифодаи ин сарулибос дар байни занону бонувон ба ваҷҳи некў пайравӣ пайдо кунад.           
2. Бояд эътироф намуд, ки талабот ба сарулибоси динӣ ва сатри исломӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳсулоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабил либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани онҳоро гирифта метавонад. Анъанаи аз чашми каси бегона пинҳон доштани баъзе аъзои занону бонувон дар суннати тоисломии тоҷикон вуҷуд доштааст, ки дар он ҳеҷ ифроту қаҷравӣ набуд. Хуб мешуд, ки дар баробари либоси ягонаи ҳоҷиён истеҳсоли либоси сафеди карбосӣ ва ҷелаки тоҷикӣ, ҷойнамоз, сарпўшҳои сирф миллӣ, тасбеҳ ва хушбўиҳо ба роҳ монда шаванд ва ҷойи маҳсулоти бесифати чиниро иваз кунад. Ба мушоҳидаи мо то имрўз аз ҷониби тарроҳони ватанӣ дарёфти намунаи беҳтарини либоси ягонаи миллие рўйи кор наомадааст, ки ҳам ба анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва ҳам андешаи исломӣ комилан созгор бошанд. Зарурати ҳифзи амнияти миллӣ шадидан тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро баровардаи хайр гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рўҳнавоз бошанд ва таваҷҷуҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд.  
3. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии молҳои дар боло ёдшуда метавонад воридшавии либосҳои динӣ ва сатру рўсариҳоро комилан коҳиш диҳад. Дар сурати барориши миқдори зарурии ин қабил маҳсулот пешниҳод ва фурўши онҳоро ҳангоми мавсими адои ҳаҷ дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ташкил кар¬дан муяссар мегардад. Ҳама медо¬нем, ки ҳоҷиён миқдори ками туҳ¬фа-армуғонҳои худро аз Ара¬бис¬тони Саудӣ меоранд ва 90 фисади онро фарзандонашон аз растаи фурўши молҳои сохти чинӣ дар бозорҳои пойтахт пеш аз ома¬да¬ни онҳо харида захира ме¬намоянд ва “ҳамчун савғот аз ҷойҳои муқад¬дас” ба меҳмонон тақдим ме¬кунанд. Агар мо дар замири ҳоҷиён ҳисси ватандориро бедор карда таво¬нем, онҳо ҳатман аз нигоҳи бартарият додан ба сарулибоси миллию динӣ харидани туҳфа-армуғонҳои истеҳсо¬ли худиро ҷонибдорӣ мекунанд.
4. Дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои порс¬на¬жод анъанаи сиёҳ пўшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надошта¬аст. Ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекардаанд, ки то имрўз пайгирона идома дорад. Дар пўшидани либоси сиёҳ дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ се бидъати пуртаассуб вуҷуд дорад. Пайравони шиаи дувоздаҳимома ба хотири ҳамдардии куштани фарзан¬до¬ни аҳли байти пайғамбар либоси сиёҳ пўшида мотам гирифтаанд ва то ҳақро ба ҳақдор додан аз он берун омаданӣ нестанд. Пешвоёни калисои масеҳии қибтӣ баробари паҳн шудани ислом дар сарзамини Миср ба худ назр додаанд, ки то комилан аз нав масеҳӣ шудани кишвари Қибт анда¬ру¬ни либоси сиёҳ кору пайкор хоҳанд кард. Ҳамчунин тибқи таълимоти буддоӣ чиниён чунин мепиндоранд, ки пайдо шудани сафедӣ дар мўйи сар нишонаи марг аст. Аз ин рў, онҳо ба муҷарради дар мўйи сарашон дидани сафедӣ онро ҳамеша сиёҳ мекунанд. 
Анъанаи сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кўркўронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.    
5. Дуруст аст, ки нозил шудани ояти ҳиҷоб сатр кардан, яъне пўшо¬ни¬дани баъзе аъзои бадани занонро воҷиб гардонид. Вале аз оғози ислом дар фазои тақлиди анъанаҳои умумиарабӣ пўшидани сарандозҳо, ба мисли ниқоб, бурқуъ, химор ва ҷилбоб бо назардошти вежагиҳои табиати биёбон хусусияти ифротӣ касб кардан гирифт. Дар фарҳанги тоҷикӣ сатр ба маънои “сару гарданро бо рўймол пўшонидан” тибқи муқаррароти суннату анъанаҳои миллӣ ва шароити табиию ҷуғрофӣ навсозӣ карда шуд. Имрўз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармо¬наю ношоиста ва таблиғи сатру ҳи¬ҷоб аз ҷониби гурўҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз ни¬го¬ҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб меша¬ванд. Ин қабил бесатрону сатрпўшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас¬та¬гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест. Дар паҳнку¬нии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвора низ бисёр қавӣ аст. Боло рафтани рўҳияи бесобиқаи диндории мардум, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маъри¬фа¬ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии онҳо ба мураккаб шудани вазъият таъсири манфӣ гузошта истодааст. 
6. Дар пешгирӣ намудани раванди нохушоянди либоспўшӣ нашри ма¬води илмӣ оид ба заруриёти динӣ ва тартиби анҷом додани фарзи ҳаҷ, ин¬чу¬нин тарғиби тарзи солими ҳаёти ҷамъиятию дунявӣ аз тариқи во¬си¬таҳои ахбори умум омили таъсиргузор маҳсуб меёбад. Дар татбиқи ама¬лии ин ҳадафҳо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории ниҳодҳои дахлдор нақши муайян дошта метавонад. 
 
Файзулло БАРОТЗОДА – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 

Апрель 6, 2015 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд