Аввалин Бозиҳои ҷаҳонии наврасони тоҷик дар Сочи
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дастаи Тоҷикистон оид ба футболи хурд дар аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи мақоми чорумро касб кард.
Дастаи Тоҷикистон оид ба футболи хурд дар аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳамватанони наврас бахшида ба ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Сочи ҷои чорумро соҳиб шуд.
Аввалин бозиҳои ҷаҳонии ҳамватанони наврас дар Сочи аз рӯи панҷ намуди варзиш, минҷумла футболи хурд барпо гардид. Ба иттилои Комрон Шодиев, сардори шӯъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба дастаи ҷумҳурӣ хонандагони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 92- и пойтахти кишвар ғолибони бозиҳои интихобӣ дар Душанбе — шомил буданд.
Дар мусобиқаи футболи хурд дар Сочи 20 даста ширкат дошт. Дар даври пешакӣ дастаи Тоҷикистон бар Украина (2:1), Беларус (3:1) ва Гурҷистон (2:1) пирӯз шуда, аз тими Сочи- 1 (2:6) шикаст хӯрд. Дар даври чорякниҳоӣ футболбозони навраси тоҷик бар дастаи Арманистон (3:0) ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз дастаи Абхазистон (1:2) мағлуб гаштанд. Дар бозӣ барои ҷои севум наврасони тоҷик аз тими Русия (0:4) шикаст хӯрданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






