Б. Сафаров- раиси фраксияи ҲХДТ дар Парлумон

Апрель 15, 2015 11:04

Душанбе, 15.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрел ду фраксияи аҳзоби сиёсии кишвар — фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ ва Ҳизби Аграрии Тоҷикистон/ҲАТ/  созмон дода шуд. Фраксияи ҲХДТ 43 вакилро дар худ муттаҳид намуда, Бахтовар Сафаров, ки   яке аз ҷавонтарин вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат маҳсуб меёбад, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Бахтовар Сафаров 32 сол дошта, номзади илмҳои ҳуқуқшиносист ва  то вакил интихоб шуданаш дар вазифаи ноиби ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
      Ба ҳайати фраксияи ҲАТ 5 вакил шомил гардида, Толиббек Бухориев, ки яке аз донишмандони шинохтаи бахши кишоварзии кишвар- доктори илмҳои кишоварзист, раиси фраксияи ҲАТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.
     Инчунин дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ созмон дода шуд. Дар гурӯҳи вакилони бидуни ҳизбият  8 нафар вакил шомил гардида, онҳо асосан ҳуқуқшиносон ва собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи кишваранд. Раисии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро дар Парлумони мамлакат  вакил аз Конибодом Равшан Раҷабов ба уҳда гирифт. Мавсуф  номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, дар сохтори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ фаъолият кардааст.
 
 
 

Апрель 15, 2015 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад