Ба М. Убайдуллоев соати 70 сол қабл сохташуда туҳфа карданд

Апрель 1, 2015 11:12

Душанбе, 1.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати «Эстафетаи хотира» аз Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро /ИДМ/, ки дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
    М. Убайдуллоев ибтикори роҳбарияти Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои ИДМ -ро дар иртибот ба ин иқдоми беназири арҷгузорӣ нисбат ба фавтидагон, собиқадорони ва  кормандони ақибгоҳ-  таъминкунандагони Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ /ҶБВ/, нек арзёбӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки ин амал баҳри поси хотираи қаҳрамонони роҳи озодӣ аз фашизм, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар радифи дигар мардумони собиқ Шӯравӣ саҳми беназир гузоштаанд ва таблиғи зиндагии осоиштаю мусолиатомези халқҳои сайёра дар ҷаҳони пуртазоди феълӣ  ибратомӯз аст. 
Дар фарҷоми мулоқот раиси Маҷлиси миллӣ ба иштирокчиёни «Эстафетаи хотира»- ветеранҳои ҶБВ аз ду ҷониб бо медалҳои ҷашнии «70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид. 
 Инчунин бо ибтикори Ассамблеяи Байнипарлумонии  кишварҳои узви ИДМ раиси Маҷлиси миллӣ М. Убайдуллоев бо соати барои қаҳрамонони Ғалаба дар ҶБВ, ки  барориши  соли 1945 аст, қадрдонӣ гардид.

Апрель 1, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!