Балҷувон: Осорхонаи нав бо нигораҳои замони ҶБВ
Душанбе,11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар деҳаи «Хонаобод»-и ноҳияи Балҷувон осорхонаи наву замонавӣ бунёд ёфт, ки дар он асосан нигораҳои мансуб ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба маъраз гузошта шудааст.
Ба иттилои Шамсулло Аҳадов- мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Балҷувон, осорхонаи мазкур бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм таъсис дода шудааст.
Ба ҷуз ин, ба хотири ҳифзи мероси фарҳангӣ бозсозии қалъаи таърихии Мири Балҷувон оғоз гаштааст,- зикр кард Ш. Аҳадов. Ин тарҳ бо маблағгузории раёсати ҳифзи мероси фарҳанги Вазорати фарҳанг амалӣ шуда, интизор меравад, ки то чанд соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






