Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум

Апрель 21, 2015 10:44

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ сатҳи зиндагии мардумро омӯхта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум ва беҳтар гардонидани вазъи иқтисодии кишвар тадбирҳои дахлдор андешида истодаанд. Сатҳи камбизоатӣ  аз 81 фоизи соли 1999  то  ба 32,3  фоиз дар соли 2014 паст гардида, дар айни замон ба тамоюли мусбати умумидавлатӣ табдил ёфтааст.
Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ ба ҳолати 1 феврали  соли 2015 музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҷумҳурӣ 860,58 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,7 % афзудааст. Индекси нархҳои истеъмолӣ дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 7,2 % баланд гардид.

Апрель 21, 2015 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад