Барқияи тасаллияти Президенти Тоҷикистон ба Президенти Непал
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Баран Ядав барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларза дар кишвари Непал, ки боиси ҳалокати ҳазорон шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба халқи дӯсти Непал бо ин талафоти бузург баён намуда, ба наздикони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам.
Ба осебдидагон шифои комил орзумандам”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






