Баргузории нахустин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе бо даъвати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, нахустин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон, зиёда аз 20 нафар соҳибкор ва 15 нафар намояндаи ширкатҳои Фаронса дар ҶТ, инчунин беш аз 60 нафар соҳибкори ватанӣ ширкат варзид.
Дар ин анҷуман ҳарду ҷонибро намояндагони давраҳои соҳибкорони бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз қабили энергетика, саноат, истихроҷи нафту газ, туризм, нақлиёту алоқа ва фаъолияти бонкӣ муаррифӣ намуданд.
Нахуст раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим ифтитоҳ бахшид. Сипас аз ҷониби намояндаи ширкати МЕДЕФ Интернейшнл, имкониятҳои сармоягузории Фаронса муаррифӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории анҷуман- ин боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвият дар соҳаҳои афзалиятнок мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар вобаста ба иқтисодиёту саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат маърӯза намуданд.
Дар фарҷом байни соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса вохӯрии дуҷониба баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар муҳокима шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






