Барномаҳои созанда барои рушди Тоҷикистон
Душанбн, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун ва кормандони дигари масъули сафоратро ба ҳузур пазируфта, оид ба масъалаҳои интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои он, вазъи сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, робитаҳои густурда миёни Тоҷикистону Чин табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя ва бо ҳам дӯст сол то сол равнақи тоза пайдо мекунанд. Мавқеи онҳо дар масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳам мувофиқ меоянд ва ҳамдигарро пайваста тарафдорӣ мекунанд.
Нақши роҳбарони ҳарду давлат дар амри равнақи муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо ва халқҳо хеле бузург мебошад. Бо кӯшиши мақомоти ҳар ду мамлакат алоқаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ инкишоф ёфта имкон дода истодаанд, ки корхонаҳо ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё гарданд. Аз ҷумла, лоиҳаи 6 миллиард долларие, ки миёни Тоҷикистону Чин барои се соли оянда ба имзо расидааст, ҷиҳати рушди иктисодии Тоҷикистон ва таҳкими дӯстии халқҳо беш аз пеш мусоидат мекунад.
Сафири кабири ҶМЧ Фан Сянжун натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки пирӯзии ҲХДТ нишонаи он аст, ки бо роҳандозии фаъолияти вусъатбор дар маъракаҳои сиёсӣ дар миёни мардум соҳибнуфуз гашта аст.
Муовини якуми раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода ба дипломати чиноӣ барои табрикоти ҷониби Чин нисбат ба пирӯзии ҲХДТ дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки пешсафии ҳизби мо натиҷаи пешниҳод кардани барномаҳои созанда барои рушди Тоҷикистон ва нақши боризаш дар таҳкими сулҳу ваҳдат мебошад.
Суҳбат дар фазои самимият гузашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






