Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Комиссияи байнидавлатии СААД

Апрель 9, 2015 15:57

Душанбе, 08.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо раиси Шўрои кории назди Комиссияи байнидавлатии Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ (СААД) Ноздрачев Александр Василевич ва мушовири Котиботи СААД Никулшин Константин Анатолевич  мулоқот кард.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар,зимни мулоқот масъалаҳои ба миён омада дар миқёси  Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноати мудофиавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди тибити пахтагин ва дар оянда ташкил кардани истеҳсолоти селлюлоза дар заминаи КВД «Нури Ховар», истеҳсоли матоъ, либос  барои ташкилотҳои мудофиавӣ дар заминаи ҶММ «Хуҷанд Инвест Котон», ҳамчунин дар миқёси СААД ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи ширкати бузурги истеҳсоли пойафзол «Фариде»-и Русия бо ҶММ «Пойафзоли чармӣ» барои истеҳсоли пойафзоли чармӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба  ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
 
 

Апрель 9, 2015 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд