Баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 7.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 6 апрели соли 2015 Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷаттулоҳи Фағонӣ вохӯрд.
Дар оғози вохӯрӣ Сафири Эрон ба Н.Зоҳидӣ даъватномаи Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Сироҷидин Аслов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки ӯ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки дар таърихи 9-10 июни соли 2015 дар Теҳрон баргузор мешавад, супорид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро муҳокима карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






