Баррасии масъалаҳои таҳсилоти касбию техникӣ
Душанбе, 1.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 31 март муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Сангинзода бо намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар Тоҷикистон Си Си Ю мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба амалӣ гаштани лоиҳаи Бонки Рушди Осиё «Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар системаи таҳсилоти касбию техникии Тоҷикистон», ки 21 муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкориро фаро мегирад, дар бораи кумаки иловагии БРО ҷиҳати рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бо касбомӯзӣ фаро гирифтани бекорон ва муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Ватан баргаштаанд, ибрози назар намуданд.
Эмин Сангинзода аз кумаку дастгириҳои бонки мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд низ вазорат ҳамкориро дар ин самт қавитар ба роҳ хоҳад монд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






