Баррасии масъалаи зӯроварии хонаводагӣ дар Душанбе
Душанбе, 22.04.2015 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон (СОРОС) дар мавзӯи «Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар чорчӯбаи ҳамкории байниидоравии мақомот ва муассисаҳои низоми пешгирии зӯроварии хонаводагӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мизи мудаввар баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар кори мизи мудаввар сардори шуъбаи идораи нозирони минтақавии милитсияи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Талабшо Меликов ва намояндагони кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи машварат Зӯҳро Ҳалимова, директори шуъбаи ташкилоти байналмилалии Иниститути «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон оид ба моҳияти Қонуни мазкур ва амалишавии талаботи он дар ҷумҳурӣ сухан кард. Ба андешаи мавсуф дар самти мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда ва пешравиҳо низ ба назар мерасанд. «Хушунату зӯровариро пурра аз байн бурда наметавонем, вале барои пешгирии он метавон чораҳои заруриеро дар мувофиқа ба Қонуни мазкур дар амал татбиқ сохт»,- гуфт ӯ.
«Зӯроварии оилавӣ кирдори номатлуби зиддиҳуқуқӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Мувофиқи Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ё шахсе, ки таҳдиди содир намудани онро мекунад, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ амрномаи муҳофизатӣ дода мешавад», — иброз дошт Талабшо Меликов.
Дар идомаи мизи мудаввар ҳамчунин як зумра иштирокчиён дар мавзӯи зикршуда сухан гуфтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






