Баррасии масоили дастрасӣ ба бозори меҳнат
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-21 апрел вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт. Мақсад аз мулоқоти мазкур шиносоӣ ва муҳокимаи роҳҳои ҳамкорӣ дар самти дастрасӣ ба бозори меҳнат барои шахсоне, ки дар назорати UNHCR қарор доранд, мебошад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои омӯзиши касбии паноҳандагон дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва бо кор таъмин намудани онҳо баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мазкур таҳия ва имзои санади ҳамкорӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






