Баррасии мушкилоти ҷавонон
Душанбе, 17.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дирўз дар «Кохи Ваҳдат» бо сухани ифтитоҳии раиси комиҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ барпо гардид, масъалаи дастуру нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавсуф аз ҷумла таъкид намуд, ки Роҳбарияти давлати Тоҷикистон бахусус Сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзуи ҷавонон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо, таълиму тарбия ва касбомўзии онҳо эътибори калон медиҳад. Дар айни замон қариб 70 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбати онҳо аз масъалаҳои муҳиму ҳаётӣ маҳсуб меёбад. Ояндаи ободу осудаи кишвар низ ба он вобаста мебошад, ки нисбати насли ҷавон кадом шароитҳои кору фаъолиятро муҳайё месозем.
Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинзода перомуни раванди амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, татбиқи консепсияҳои марбути соҳа ва дигар мусоидатҳои мақомоти кишвар барои ҷавонон назару андешаҳои худро иброз дошта, таъкид намуд, ки дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбати ҷавонон сатҳи маърифату ҳунаромўзии онҳо ба маротиб беҳтар гаштааст.
Ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Масалан дар риштаҳои таҳқиқи илм, ихтироот, туризму варзиш комёбиҳои нав ба нав ба даст оварда истодаанд. Дар айни замон қариб 170 ҳазор донишҷў дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ва беш аз 30 ҳазор нафари дигар дар хориҷи мамлакат ба омўзиши касбу ҳунар машғуланд.
Президенти кишвар дар Паёми худ бештар ба масъалаҳои тарбия, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ширкати онҳо дар ҷангҳои ба ном ҷиҳодии хориҷи кишвар чун Сурияву Ироқ, даст задани онҳо ба амалҳои террористию ифротгароӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва ғайра диққати калон зоҳир намуда, таъкид карданд, ки ҳамаи ин проблемаҳо бояд дар маркази таваҷҷуҳи сохторҳои ҷавонон қарор дошта бошад.
Бо ин мақсад Кумитаи ҷавонон талош меварзад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои ҳукуматию ҷамъиятӣ чун Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷавонон саҳми мустақиму аввалиндараҷа дошта бошад.
Аъзои комиҷроия ва Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, Т. Назаров, А. Шамолов, А. Сатторзода, М. Бобоев, адибон Урун Кўҳзод, Назри Яздон, Ҳ. Табаров, Ш. Сафаров, В. Саёрабеков ва дигарон зимни музокираҳои худ ба доғу муҳим будани мавзӯи баррасишуда таъкид намуда, ҷиҳати беҳдошти фаъолияти ҷавонон пешниҳодҳои ҷолиб ироа оштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






