Баррасии мушкилоти шаҳрвандон аз ҷониби вазири ВКД
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар айни замон вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар бинои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон шаҳрвандони вилоятро барои баррасии муроҷиатҳояшон қабул намуда истодааст.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, аз субҳ то инҷониб, зиёда аз 100 нафар шаҳрванди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои қабули вазири корҳои дохилӣ номнавис шуда, ба қабул ҳозир шудаанд.
Дар вохӯрӣ шаҳрвандон имкон доранд, ки бевосита бо вазири корҳои дохилӣ озодона суҳбат намуда, мушкилоти худро баррасӣ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки чунин вохӯрӣ бо сокинони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб низ аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл чунин як вохӯрии шаффоф аз ҷониби Рамазон Раҳимзода дар вилояти Суғд баргузор гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






