Баррасии рушди қолинбофӣ
Душанбе,16.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 14 апрел раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо менеҷери лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии корхонаҳои бахши қолинбофӣ, бахиядӯзӣ ва нассоҷии Тоҷикистон» — и Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат Фаррух Олимҷонов, коршиноси байналмилалии созмони мазкур Анита Травиани ва муовини сардори Раёсати саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Мавлуда Киромова мулоқот анҷом дод.
Назар ба иттилои ПСС ҶТ, ҷонибҳо масоили рушди корхонаҳои соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, аз ҷумла роҳҳои беҳдошти маҳсули меҳнат ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии корхонаҳои бахши қолинбофӣ, бахиядӯзӣ ва нассоҷиро мухокима намуданд.
Ба гуфтаи Фаррух Олимҷонов, мақсад аз лоиҳаи мазкур расонидани ёрӣ ба корхонаҳои соҳаи қолинбофӣ, бахиядӯзӣ ва нассоҷии Тоҷикистон ба манзури муайян намудани иқтидори сотиротӣ дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, ҳамчунин навсозии корхонаҳо бо истифода аз технологияҳои муосир, такмили қудрати идоравӣ ва дастгирии корхонаҳои соҳаҳои асосии саноат ва тиҷорати хурд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






