Баррасии сохтори бонкдорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, ба масъалаҳои сохтори бонкдорӣ ва муаммоҳои он дар Тоҷикистон бахшида шуд.
Ба иттилои котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» Саъдихоҷа Маъдиев, ректори донишкада Ашурбой Солиев таваҷҷуҳи ҳозиринро барои истифода бурдан аз таҷрибаи бойи коршиносон ва мутахассисон дар робитаи зич бо сиёсати давлатии таъмини кори самараноки бонк ва бонкдорӣ, васеъ пеш гирифтан ва сафарбар карда тавонистани воситаҳои нави техника ва технологияҳо дар амалиёт ва хизматрасониҳои бонкӣ ҷалб намуд.
Дар маҳфил маърузаи аудитори Хадамоти аудитии ҶСК «Агроинвестбонк» Назар Хушов дар мавзўи «Сохтори бонкдорӣ ва муаммоҳои он дар Тоҷикистон» шунида шуд, ки дар ҷараёни он байни ҳозирин саволу ҷавоб ва музокирот ба амал омад.
Тавре ки Назар Хушов иброз дошт, ҳадафҳои асосии сиёсати молиявии давлатии кишвар- ин дарёфти имкониятҳои таъмини субъектҳои хоҷагӣ бо хизматрасонии замонавии бонкӣ мебошад. Мавсуф бо назардошти вазъи нисбатан номуътадили муносибатҳои иқтисодии замони муосир, тағйирёбии таносуби имкониятҳои захиравии молию пулӣ равандҳои ташаккул ёфтани сохтори бонкдориро дар кишвар дида баромад. Ин ҷиҳатҳо аз ҳисоби беҳтар гардонидани вазъи идораи дороиҳои бонкӣ, хавфҳо, нокифоя будани сармояи бонкӣ баҳодиҳӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






