Баррасии таъмини амнияти кишварҳои ОМ аз ҷониби СААД
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- «Нақши СААД дар таъмини амният аз таҳдидҳои берунӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ)»-таҳти чунин унвон имрӯз дар филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони СААД, сафорати Руссия дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ширкат намуданд. Сайдаъло Мирзоев-директори иҷроияи филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар робита ба конфронси мазкур иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории он пеш аз ҳама пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли таҳдидҳои берунӣ маҳсуб меёбад: «Имрӯз хусусан он таҳдидҳое, ки аз тарафи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ҳамчун кишвари ҳамсарҳад вуҷуд доранд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», афзуд Сайдаъло Мирзоев имрӯз, 3 апрел зимни баргузории конфронси байналмилалӣ.
«Мо бо Афғонистон ҳудуди 1400 км марз дорем ва Тоҷикистон ҳоло дар хатти аввали ҷабҳа аст, ки мутаассифона, аз ин кишвари ба мо дӯст масъалаи ифротгароӣ, тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ба вуҷуд меояд, ки хеле масъалаи муҳими амниятӣ мебошад»,-иброз дошт Худобердӣ Холиқназар-директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда гуфт, маҳз бо ҳадафи ҳифзи амнияти кишварҳои узви СААД, бахусус Тоҷикистон аз таҳдидҳои беруна коршиносони ботаҷриба ҷалб шуданд, ки ба хулосаи назаррас расанд.
Игор Панарин-ҳамоҳангсози Ассотсиатсияи таҳлилии СААД дар робита ба масъалаи амнияти кишварҳои аъзо иброз дошт, ки СААД ягона созмоне ҳаст, ки дар ҳалли масъалаҳои таҳдидкунанда чун терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ нақши калидӣ дошта, барои таъмини амнияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзо мусоидат намояд.
«Базаи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон мустаҳкам карда мешавад, то дар ҳолати таҳдидҳо ин гурӯҳ ба таври фаврӣ барои таъмини амнияти Тоҷикистон кумак расонад»,-мегӯяд Игор Панарин. Ба гуфтаи мавсуф гароиши ҷавонони кишвар низ ба ҳар гуна ҳаракатҳо дар кишварҳои Сурияву Ироқ боиси нигаронӣ буда, дар ин самт корҳо бояд боз ҳам пурзӯтар шаванд.
Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши СААД дар таъмини амният аз таҳдидҳои берунӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» қарор аст фардо, 4 апрел низ идома ёбад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






