«Бавария» ва «Барселона» дар бозии ниманиҳоӣ

Апрель 22, 2015 15:55

 
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-Дастаи  «Порту»-и Португалия барои баромадан   ба вохӯриҳои ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо дар вохӯрии дуюм  аз дастаи “Бавария” дар Мюнхен шикаст хӯрд. Бояд  зикр  намуд, ки  дар ин вохӯрӣ бозингари  дастаи “Бавария” Роберт Ливандовский ду маротиба тӯбро ба ҳадаф расонд, як  маротибаи дигар   Тяго Алкантара, Жером Боатенг ва Томас Мюллер ташаббус нишон доданд. Дар қисми дуввуми бозӣ дастаҳо сӯйи дарвозаи якдигар 1 тӯбӣ ворид карданд. Ҳамин тариқ, вохӯрӣ 6 бар 1 ба фоидаи дастаи “Бавария” анҷом ёфт. 
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Порто” дар дидори аввал дастаи “Бавария”-ро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод. 
Дар вохӯрии дигари ҷавобӣ дастаи  “Барселона”-и Испания дастаи “ПСЖ”-и Франсияро дар майдони “Камп — Ноу” шикаст дод. Дар ин бозӣ футболбози бразилиягӣ — Неймар дубл кард. Голи аввалро ӯ бо кумаки Андерс Инйеста ва тӯби дуюмро бо партофти Дани Алвес вориди дарвоза намуд. Баъди ду дидор дастаи «Барселона» бо натиҷаи 5 бар 1 дастаи  “Пари Сен-Жермен”-ро шикаст дод ва роҳхати даври ниманиҳоии мусобиқаро ба даст овард.
 
 

Апрель 22, 2015 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!