Бетартибиҳо дар Конакри

Апрель 15, 2015 14:28

Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тибқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Тудей  рӯзи дуюм аст, ки дар пойтахти Гвинея — шаҳри Конакри бетартибии оммавии сокинони кишвар  идома дорад. Гуфта мешавад, ки ҳангоми бархӯрди кормандони полис бо ҷамъомадагон як нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Ба ақидаи коршиносон муқаррар гардидани санаи нави интихоботи президентӣ норозигии аҳолиро ба миён овард. Тибқи қарордоди нав ин чорабинии сиёсӣ дар Гвинея моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.
 
   Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар чорабинии фарҳангии «Иди рангҳо» як  фоҷеаи нохуш рух дод. Ҳангоми ҷашн ногаҳон биное, ки барои кӯҳнавардон сохта шуда буд, фурӯ рафт. Дар пайи ин ҳодиса 2 нафар ба ҳалокат расида, 48 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. 
 
   Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта неруҳои эътилоф мавқеъҳои ҳаракати «Ҳауси»-ро бар асари зарбаҳои охири ҳавоии неруҳои  вилояти Саъадаи Яман мавриди гулӯлаборон қарор доданд . Дар ҷои ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида, 2 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Ҳамзамон шабакаи хабарии телевизиони «Ал-Ҷазира» иттилоъ медиҳад, ки як роҳбари шабакаи террористии «Ал-Қоида» дар Яман ҳалок гардидааст. 
 
   Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар»)).-Дирӯз дар фурудгоҳи шаҳри Херосимаи Япония ҳавопаймои мусофирбар аз хати парвоз берун омад. Дар пайи ин ҳодиса 20 нафар мусофир ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи ҳавопаймо  ҳангоми фуруд омадан чархи ҳавопаймо корношоям гардида, ба фалокат дучор омадааст. Тибқи  иттилои расида ҳавопаймо ба ширкати «Эйшна Эйрлайнс» мансуб буда, он аз рӯйи хатсайри Сеул — Херосима парвоз анҷом медод.

Апрель 15, 2015 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!