Бинои нави хизматрасонии бонкӣ дар Хистеварз
Хуҷанд, 7.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонантбонк” дар маросими тантанавӣ ба истифода дода шуд. Таъкид гардид, ки Раёсати “Амонатбонк” бо мақсади беҳтар кардани шароити фаъолияти кормандони бонк ва хизматрасонии мизоҷон, баланд бардоштани обрӯю эътибори кормандон, инчунин идомаи татбиқи технологияи муосир сохтмону барқароросозии иншоотҳои гуногунро вусъат бахшидааст. Мавриди истифода қарор гирифтани Бинои нави маркази хизматрасонии бонкӣ дар Хистеварз, ки бо харҷи беш аз 270 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
“Таъмиру навсозиҳои куллӣ ва бунёди иншотҳои нав дар муассисаҳои “Амонатбонк” дар вилояти Суғд соли гузашта баъд аз анҷом ёфтани сафари кории раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба вилоят вусъати тоза гирифт. Танҳо дар соли сипарӣ бинои филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Исфара, Конибодом ва Спитамен баъди анҷоми тармими асосӣ, таҷдидан ба истифода супурда шуданд. Ҳамаи ин биноҳо солиёни зиёд таъмир нашуда, дар вазъи ногувор қарор доштанд ва баъди таъмиру навсозӣ дар ин ҷо тамоми шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуд. Илова бар ин мебел ва таҷҳизоти дигари техникии ин филиалҳо низ нав карда шуданд ва ба ин мақсад зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф гардид,” — таъкид дошт сарвари филиали №23 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Ҳокимшоҳ Бобозода.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






