БМТ : Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат афзоиш меёбад
Душанбе,09.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).- Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарздиҳандаи ҷумҳурӣ дар охирӣ моҳи феврали соли ҷорӣ 10,1 миллиард сомониро ташкил дод.
Тавре ки Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, таҳлили сохтори бақияи қарзҳо нишон медиҳад, ки 51,9 фоизи бақия, яъне 5 милларду 230 миллиону 900 ҳазор сомониро қарзҳои кутоҳ — муддат ва 48,1 фоизи он, яъне 4 миллиарду 847 миллиону 400 ҳазор сомониро қарзҳои дароз- муддат ташкил медиҳнад, ки ин аз афзоиши ҳаҷми қарзҳои дароз муҳддат шаҳодад медиҳад.
Дар давраи зикршуда фоизи миёнаи қарзхо дар низоми бонкии кишвар ба ҳисоби асъори милли23,93 фоизи солона ва ба ҳисоби асъори хориҷӣ 22,77 фоизи солонаро ташкил дод.
Тайи моҳҳои январ ва феврали соли 2015 баробари афзудани талаботи аҳолӣ ба маблағ, ҳаҷми қарзҳои хурд тамоюли авзоишро дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 12,8 фоиз афзуд. Аз ҷумлаи ин маблағҳо барои минтақаҳои дурдасти кишвар қарзҳои хурд дар ҳаҷми 179 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷуда карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 0,7 фоиз зиёд аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






