Боз ду тоҷик қурбони гирифтани патент шуданд
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Хадамоти муҳоҷҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон расман иттилоъ медиҳад, ки санаи 20 апрели 2015 тақрибан соати 23:30 дақиқаи шаб, дар шоҳроҳи 19 км МКАД-шаҳри Маскав садамаи нақлиётӣ бо бархўрдани чандин автомашинаи хурд ва ду мошини калони боркаш ба вуқуъ пайваст ва боиси ҳалокати одамон гардид.
Тибқи баъзе маълумотҳои васоити ахбори омма гўё 4- нафар шаҳрванди тоҷик дар ин фоҷиа ба ҳалокат расидааст.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷират баъди санҷида баромадани ин воқеаи нохуш муайян намуд, ки фақат ду шаҳрванди Тоҷикистон-яке Додов Самад Абдуллоевич, с.т. 1981, зодаи ноҳияи Ванҷ ва Шоев Ҷумъахон Усмонович, с.т. 1970, зодаи ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расидаанд.
Бояд қайд намуд, ки шаҳрвандони марҳум бо мақсади ба расмият даровардани патент дар Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират, пос Сахаврово, шабона барои гирифтани навбат раҳиспор буданд. Ду нафар шаҳрванди дигар аз ҷониби намояндагӣ муайян гардид, ки яке Отаев Акрамҷон шаҳрванди Кирғизистон ва дигаре Юсупов Нуриддин Сумиевич шаҳрванди Ӯзбекистон мебошанд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамот А.Кодирӣ, бо мусоидати намояндагӣ ҷасади шаҳрвандон шаби 21 апрел тавассути ширкати ҳавопаймои «Тоҷик — Эйр» ба ватан оварда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






