Боздиди Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сангчашмаи ноҳияи Ҳисор дар расми ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок кард. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби нав дар ин деҳа тавассути ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ бунёд гардида, дар ду баст барои 650 хонанда пешбинӣ гардидааст. Сохтмони ин мактаб моҳи марти соли 2013 оғоз гардида, бо харҷи наздик ба 2 миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар идомаи сафар ба ноҳияи Ҳисор Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳукумат бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳия шинос шуд.
Тавре ки аён гардид, корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор, хусусан сохтмон, таъмир ва навсозии иншооти хурду бузурги таъйиноти гуногун, аз қабили роҳу пулҳо, зеристгоҳҳои барқӣ, варзишгоҳи марказии ноҳия, мактаби президентӣ, чойхона, қасри фарҳанг, китобхона, осорхона ва мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии қалъаи Ҳисор мувофиқи нақша идома дошта, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Зимни шиносоӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи сифати корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳои корҳо, азхудкунии маблағҳои ҷудогардида, таъмини иншоот бо об ва неруи барқ, вусъати корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ зоҳир шуд.
Натиҷаҳои шиносоӣ бо корҳои омодагӣ, сохтмон ва навсозии иншоот дар ситоди корӣ бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот баррасӣ шуданд. Ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва таҷлили сазовор аз ҷашни 3000-солагии Ҳисор аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони масъул вазифадор шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






