Боздиди Қ. Расулзода аз роҳи оҳани Душанбе -Қурғонтеппа
Душанбе, 08.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони қитъаи Ваҳдат- Ёвони роҳи оҳани Душанбе -Қурғонтеппа шинос шуд. Сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан моҳи марти соли 2009 оғоз гардида, аз истгоҳи Ваҳдат то истгоҳи Ёвон масофаи 40,7 километрро дар бар мегирад.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз ибтидои роҳи оҳан дар мавзеи Элок то истгоҳи роҳи оҳани Ёвон дар тамоми қитъаҳо бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуданд.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби мутахассисон ва ташкилоту идораҳои роҳсозии ватанӣ пеш бурда мешаванд, нисбат ба давраҳои пеш беҳтар гардида, дар давоми се моҳи аввали соли равон дар масофаи 1,5 км қисмати болоии роҳ омода шудааст. Корҳои таркишию омодасозии қитъаҳои алоҳида барои сохтмони роҳ аз ҷониби ширкатҳои эронӣ низ мувофиқи матлаб идома дошта, дар давоми ду моҳи оянда пурра ба анҷом расонида мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвон 3 нақб бо дарозии 3 775 метр ва панҷ пули бузург бо дарозии 681 метр дар асоси шартнома аз ҷониби Ширкати идораи 19-уми Ҷумҳурии мардумии Чин сохта мешавад. Корҳои омодагӣ барои оғози сохтмони нақбу пулҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои асосии заминӣ, истифодаи самараноки рўзҳои мусоид ва маблағу механизмҳо, кўчонидани иншооти ба сохтмони роҳ халалрасонанда аз ҷумла манзилҳои истиқоматӣ, қубурҳои обгузар ва дигар иншоот масъулини дахлдорро вазифадор намуд.
Дар айни замон дар сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа зиёда аз 150 мошину механизмҳои сохтмонӣ ба кор ҷалб гардида, шумораи коргарону мутахассисон ба 390 нафар мерасад.
Дар ситоди корӣ бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, роҳи оҳани мамлакат ва ташкилоту идораҳои сохтмонии ватанию хориҷӣ ҷараёни иҷрои корҳо дар зарфи се моҳи аввали соли равон натиҷагирӣ шуда, нақшаи корҳои бунёди роҳ барои моҳҳои дигар тарҳрезӣ гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






