Боздиди Аситх Бхаттачардҷи аз Конибодом

Апрель 1, 2015 10:45

Душанбе,01.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Чанде қабл бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр, фарҳангу маданият ва кору пешрафти сокинон сафири давлати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачардҷи ба шаҳри Конибодом ташриф овард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд сафири Ҳиндустон рӯзи аввали ташрифи хеш дар чорабинии наврӯзии донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳр иштирок карда, аз анъанаҳои наврӯзии ба намоишгузошташуда ва маҳсули ҳунарҳои дастии донишҷӯёни коллеҷ дидан намуд.
Рӯзи дуюми ҳузури хеш сафир аз вазъи фарҳангу тамаддуни шаҳр ошноӣ пайдо намуда, аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Мирраҷаб Додхоҳ, манораи Норчабой, кинотеатри ба номи К.Ёрматов ва ба коргоҳи таъмири қатораҳои деҳаи Маҳрам дидан намуд.
Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон  Аситх  Бхаттачардҷи зимни мулоқот ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда ва боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳр суҳбат доштанд.
 

Апрель 1, 2015 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад