Боздиди Медведев аз намоишгоҳи Тоҷикистон
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ва сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз намоишгоҳ — гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми кишварамон ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, ки 28 апрел дар Осорхонаи марказии ҶБВ воқеъ дар Поклонная гора ифтитоҳ гардид, дидор намуданд.«Бисёр нигораҳои намоишгоҳ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо маҳфузбудаи ҷанговарони Тоҷикистон ва ашёҳои шахсии онҳо бори нахуст дар шаҳри Маскав ба маърази намоиш гузошта шудаанд», — хабар дод ба мухбири АМИТ «Ховар» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод.Назар ба гуфтаи манбаъ, Сарвазири Русия Дмитрий Медведев ҳангоми тамошои намоишгоҳи Тоҷикистон саҳми халқи тоҷикро, ки беш аз 300 ҳазор нафар фарзандонашро ба майдони муҳорибаҳо фиристода буд, қадр кард. «Мо фаромӯш намекунем, ки Тоҷикистон солҳои ҷанг бисёр шаҳрвандони Русияи шӯравиро дар кишвари худ пазироӣ карда, онҳоро меҳмоннавозию меҳрубонӣ менамуд. Мо инро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Мо ҳангоми гуфтушунид бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ёдовар шудем, ки солҳои ҷанг холаи банда ҳам дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард», — гуфт Сарвазири Русия зимни сӯҳбат бо сафири ҶТ дар ФР. Назар ба иттилои Муҳаммад Эгамзод, вазоратҳои фарҳанг ва осорхонаҳои миллии Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам дар шаҳри Маскав намоишгоҳҳои худро доир намудаанд.Дар ин чорабиниҳо ноиби сарвазир Олга Голодетс, вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский, роҳбарони намоядагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар Маскав, собиқадорони ҷангу меҳнат ва донишҷӯён иштирок доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






