Боздиди Р. Аҳмадзода аз хонаводаи ҷавонони саркашида аз хизмат

Апрель 9, 2015 13:09

Хуҷанд, 9.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз ба хонаводаи се тан ҷавоне, ки  аз хизмат дар сафи артиш саркашӣ кардаанд, рафт. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳр Маҳмудчон Муҳаммадӣ хабар дод, мақсад аз рафтани шаҳрдор ба хонаводаи ин ҷавонон- ин пеш аз ҳама огоҳӣ ёфтан аз вазъи аслии воқеа ва суҳбати ошкоро бо волидайни онҳо буд. Гарчанде ки то даъвати баҳории  кунунӣ  ба се тан даъватшаванда аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии  шаҳрӣ  даъватнома барои ҳозир шудан ба коммисариати ҳарбӣ фиристода шуд, вале онҳо аз ҳозир шудан саркашӣ  карданд.
Зимни мулоқот раиси шаҳр доир ба  масъулияти падару модар баҳри тарбияи сазовори фарзандон ва ҷавобгарии фарзандони онҳо дар назди қонун  ёдрас шуда, баён доштааст, ки дар сурати идомаи ин раванд ва ҳозир нашудани фарзандони онҳо барои рафтан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алайҳи онҳо тадбир хоҳанд андешид.   

Апрель 9, 2015 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд