Бозиҳои мунтахаби Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Душанбе муайян шуд

Апрель 22, 2015 15:31

Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки  Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон замони оғози бозиҳои мунтахаби футболи кишварро дар даври дувуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон- 2018, ки дар майдони худ анҷом медиҳад, маълум кард. 
Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон- 2018, ки 14- уми апрел дар пойтахти Малайзия — Куала-Лумпур баргузор шуд, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад. 
Марҳилаи интихобӣ барои мунтахаби Тоҷикистон 11- уми июни соли равон дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо бозӣ муқобили тими миллии Урдун соати 20:00 шурӯъ хоҳад шуд. 
Бозии дувуми футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Австралия, барандаи феълии Ҷоми Осиё, 8- уми сентябр соати 18:00 оғоз меёбад. 
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12- уми ноябр дар майдони худ бо тими миллии Бангладеш соати 17:00 вориди рақобат мешавад. 
Ниҳоят, бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ 29- уми  марти соли 2016 бо тими миллии Қирғизистон дар Душанбе соати 18:00 барпо мегардад. 

Апрель 22, 2015 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш