Бозии “Истиқлол” бо “Ал-Қодсия” дар Душанбе
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар даври чоруми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи «С” шоми имрӯз, 15 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо бошгоҳи «Ал-Қодсия», қаҳрамони бисёркаратаи Кувайт ва барандаи феълии Ҷоми AFC вориди рақобат мешавад. Оғози бозӣ — соати 18:00
Ёдовар мешавем, бозии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми AFC дар гурӯҳи «С” байни «Ал-Қодсия” ва «Истиқлол”, ки 18-уми март дар Кувайт барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Мизбонон ҳисобро дар дақиқаи 3-юм боз карданд. Тӯбро Бадр Ал-Мутава аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 36-ум ҳисобро баробар намуд. Дилшод Восиев голи дувуми «Истиқлол”-ро дар дақиқаи 45+1 зад. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 54-ум Бадр Ал-Мутава ҳисобро баробар кард.
Ҳоло дар гурӯҳи «С” тими «Ал-Қодсия” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. «Истиқлол” бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои «Аҳал”-и Туркманистон ва «Эрбил”-и Ироқ бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.
Бояд тазаккур дод, «Ал-Қодсия» дар Ҷоми AFC се бор бо бошгоҳҳои футболи тоҷик рақобат кардааст. Дар мавсими соли 2013 кувайтиҳо дар сабқати гурӯҳӣ бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ду бор бо ҳисобҳои 3:0 ва 3:1пирӯз шуда буданд. Аз 6 голи ба дарвозаи «Равшан” задашуда 4-тоаш ба Бадр Ал-Мутава мутааллиқ аст.
Ба ҷуз бозии «Истиқлол» — «Ал-Қодсия», инчунин дар даври чоруми сабқати гурӯҳи «С” рӯзи чоршанбеи 15-уми апрел дастаҳои «Эрбил» (Ироқ) ва«Аҳал» (Туркманистон) бо ҳам рақобат мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






