Чорабиниҳои фарҳангӣ барои сокинон пойтахт
Душанбе, 13.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-11-12 апрели соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар Боғи ботаникии Ирам Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва МД «Боғи Ирам» чорабинии навбатии фарҳангӣ-маърифатиро дар сатҳи баланд доир намуд, ки дар он сокинону меҳмонони пойтахт ширкати фаъолона доштанд. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар доираи ин чорабинӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастӣ, либосҳои миллӣ, китобу расмҳо, маводи иттилоотӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, хизматрасониҳои сайёҳӣ ва озмуну викторинаҳо ташкил шуданд. Кӯдакону наврасони пойтахт аз ин иқдом истиқбол намуда, бо истеъдоди баланд дар расмҳои худ сулҳу дӯстӣ, меҳр ба Ватан ва зебоипарастиро инъикос намуданд.Қисмати дигари чорабиниро, ки дар амфитеатри боғ идома ёфт, муҳассилини Коллеҷи санъати пойтахт бо барномаи фарҳангӣ зебу зиннат доданд. Ҳунармандони коллеҷ суруду таронаҳои дилнишин ва саҳначаҳои ҷолибро ба хотири болидаруҳӣ ба сокинон пешкаш карданд. Ҳамчунин дар баробари баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дар саҳни боғ бо мақсади татбики «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017», баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон дар доираи тозагиву зебоипарастӣ иқдоми «Мо тарафдори тозагӣ ва зебоӣ» гузаронида шуд.Лозим ба ёдоварист, ки чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ то охири соли ҷорӣ ҳар рӯзи истироҳатӣ-шанбе ва якшанбе дар Боғи ботаникии Ирам-и пойтахт идома меёбанд, ки сокинон метавонанд аз онҳо истифода намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






