Чунсян: ” Ман тағйироти назарраси Тоҷикистонро бо чашми худ дидам”
Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Мавҷуда Анвари ).- “Ман ин дафъа Тоҷикистонро чун дӯсти қарини Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздид намудам. Тайи 3 рӯзи сафарам муваффақиятҳои зиёде ба даст омаданд”,- гуфт баъди мулоқот бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ барои журналистон котиби Кумитаи ҳизбӣ — роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян.
Ч Чунсян зикр намуд, ки бо Президенти Тоҷикистон дар доираи маҳдуд ва ҳайати васеъ мулоқот анҷом дода шуд. Ғайр аз ин, дар ҷараёни мулоқот бо Сарвазир Қоҳир Расулзода перомуни ҳамкории мутақобилан муфид табодули афкор баргузор гардида, дар ҳамаи бахшҳо фикри ягона ба даст омад.
“Мо натиҷаҳои ба даст овардаамонро баъди соли 2010 миёни Ноҳияи Мухтори Синзян- Уйғур ва Тоҷикистона ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ таҳқиқ намудем. Гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи лоиҳаҳои ҳамкори, ки дар ин созишнома ба имзо расидаанд, пурра дар амал татбиқ шуданд. Ин исбот мекунад, ки ҳамкории байни НМСУ, Тоҷикистон ва Чин ояндаи калон дорад”,- гуфт Ч Чунсян.
“Ман пай бурдам, ки халқи тоҷик мардуми дӯст ва хирадманду меҳнатдӯст аст. Ман тағйиротӣ зиёдеро дидам, ки дар ҳамаи бахшу соҳаҳои шаҳру қишлоқҳо ба амал омаданд”,- афзуд дар хотима роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян- Уйғури ҶМЧ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






