«Далерон- Ӯротеппа» — «Хайр»: сардовари бозӣ иваз шуд
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, сардовари бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон миёни «Далерон-Ӯротеппа» — «Хайр» иваз шуд.
Бо сабаби андаке нотоб шудани Парвиз Муртазоев, ки қаблан аз ҷониби Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҳакамӣ намудани бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан») — «Хайр» (Ваҳдат) таъйин гардид, барои хизматрасонии ин вохӯрӣ Сайёдҷон Зайниддинови душанбегӣ таъйин шуд. Зайниддиновро дар канори майдон Хусрави Сиддиқзод ва Беҳрӯз Муртазоев, ки ҳар ду аз Душанбе ҳастанд, кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Нозим Мансуров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба зимма дорад. Нозири бозӣ Абдураҳим Бобоев аз Турсунзода мебошад.
Ёдрас мекунем, ки бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни «Далерон-Ӯротеппа» — «Хайр» рӯзи 25- уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир мешавад. Оғози бозӣ соати 16.00








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






