Дар Афғонистон озмоишгоҳи героин нест карда шуд
Душанбе, 1.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон барои нест кардани озмоишгоҳи махфии героин дар ҳудуди деҳаи Озумгули вулусволии Бадахшони Афғонистон амалиёти махсусро анҷом доданд.
Назар ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, хабар расид, ки сокини 40 — солаи вулусволии Бадахшони Афғонистон барои тавлиди героин озмоишгоҳи махфӣ ташкил намуда, ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул аст.
Пулиси Вазорати корҳои дохилии Афғонистон бо назардошти ин иттилоот тасмим гирифт, ки барои нест кардани озмоишгоҳ амалиёти махсусро роҳандозӣ намояд.
Дар озмоишгоҳ 135 килограмм тарёк, 31 литр туршии хлориди аммоний ва таҷҳизоти коркарди тарёк нест карда шуд.
Алҳол кормандони пулиси Афғонистон барои муайян ва дастгир кардани аъзои боқимондаи дастае, ки ба тавлиди героин машғуланд, чораҳои амалӣ мебинанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






