Дар бархе кӯчаҳои пойтахт об қатъ мешавад
Душанбе, 10.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад аз соати 8:00-и 14 апрел то соати 8:00-и 15 апрели соли равон интиқоли оби нӯшокӣ дар бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт- кӯчаҳои Ҳ.Ҳакимзода, З.Нозим, Лутфӣ, Темурмалик, Охунбобоев, Гулистон, П.Толис, Ҳамзалиев, Ҳазора, М.Осимӣ ва Куприн қатъ мешавад.
Муваққатан қатъ намудани об дар ин кӯчаҳо ба насби қубури Ш=300мм дар кӯчаи Гагарин рабт дода мешавад. Дар робита ба ин шаҳрдории Душанбе аз сокинони кӯчаҳои мазкур хоҳиш менамояд, ки барои як шабонарӯз оби нӯшокӣ захира намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






