Дар ДСРТ аввалин компютери бузургҳаҷм ба кор даромад

Апрель 9, 2015 11:25

Душанбе,09.04.2015 (АМИТ «Ховар» ).- Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон аввалин дар Тоҷикистон компютери бузургҳаҷм мавриди истифода карор гирифт, ки дар асоси  технологияҳои мавҷҳои ҳавоӣ кор мекунад. Компютери  бузург дорои 48 гигабайти  фаъолияти фаврӣ ва 24 протссесори  намуди Intel Xeon  дорад, ки суръати  лаппишашон 2.6 гигагертсро ташкил медиҳад.
Компютери нав  фаъолияти 3 синфи компютерии донишгоҳи мазкурро таъмин менамояд. Хариди таҷхизоти муосир ва  технологияҳои навтарини компютерӣ ба туфайли  соли 2014 қабул шудани  барномаи рушди Донишгоҳи  славянии Русия ва Тоҷикистон  то соли 2016  имконпазир гардид.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон  аз  нигоҳи таъмин будан бо технологияҳои иттилоотӣ дар байни донишкадаҳои олии Тоҷикистон  пешсаф аст.

Апрель 9, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш