Дар Суғд корхонаи гидрометаллургӣ бунёд мешавад
Душанбе,22.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих ).- 21 апрел вазири саноат ва технологияҳои наи Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва ноиби президенти ширкати Zijjin Mining Group Co.Ltd Чен Жен Хе масоили дар вилояти Суғд сохтани корхонаи гидрометаллургӣ ва натоиҷи фаъолияти корхонаи муштараки «Зарафшон» тайи соли 2014 — ро мухокима намуданд.
Тавре, ки Вазорати саноат ва технологияҳои наи ҶТ хабар медиҳад, ҷонибҳо ҳамчунин рушди корхонаи истихроҷи тиллои «Зарафшон» -и Тоҷикистону Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Барои бунёди корхонаи гидрометаллургӣ 100 мл доллари ИМА сарф мешавад. Ҷонибҳо масоили ҷалби сармояҳо барои рушди корхонаи мазкур ва тақсими даромади корхонаи муштараки «Зарафшон» — ро низ таҷдиди назар карданд.
Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки «Зарафшон» яке аз корхонахои калонтарини Тоҷикистон аз нигоҳи истихроҷи тилло маҳсуб меёбад.
Корхонаи мазкур соли 2014 — ум 2 тонна тилло, 200 келограм нуқра ва 350 тонна маъдани мис истеҳсол намуд, ки маблағи умумии он 431 милиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






