Дарки зарурияти бастани созишномаву шартномаҳо

Апрель 21, 2015 10:44

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликияташон) бе мушоракати иҷтимоӣ, бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ имконнопазир аст. То 1 апрели соли 2015 дар ҷумҳурӣ 83 583 корхона новобаста аз шакли моликият арзи вуҷуд дошта, аз ин 72393 ададаш дар давраи ҳисоботӣ фаъол буда, теъдоди 28678 ададаш бо созишнома ва шартномаҳои коллективӣ фаро гирифта шудаанд.
Аз 2897 корхона ва муассисаҳои  саноатӣ танҳо дар 454-тоаш (15,7%)  шартномаҳо баста шуданд, дар  сохтмон ин нишондиҳандаҳо мутаносибан  2362 ва  302 ( 12,9 %); нақлиёт, алоқа ва роҳ — 1128  ва  178  (15,8%);  савдо ва хӯроки умумӣ —  8211  ва  572  (7%);  маориф ва варзиш —  3906 ва  3570  (99 %); тандурустӣ — 912 ва 688 (75,4 %); фаъолияти молиявӣ  — 273  ва  258  (94,5%);  мақомоти идораи давлатӣ  2364  ва  740 (31,3 %) ва дигар сохторҳо — 2435  ва  1301  ( 53,4 %) мебошанд.
Омӯзиш ва санҷиши вазъи иҷрои талаботи созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ собит  менамояд, ки мутасаддиёну корфармоёни алоҳида зарурияти бастани созишномаву шартномаҳоро ҳанӯз ҳам дарк накардаанд.

Апрель 21, 2015 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад